25 Ноябр 2025 - 14:05
Source: ABNA
Мафоди тарҳи сулҳи Трамп барои Укроин ба 19 банд коҳиш ёфт

Як расонаи инглисӣ аз ҳазфи бархе аз бандоҳои тарҳи сулҳи Амрико, тавассути Укроин хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Абно, рӯзномаи "Гардиан" ба нақл аз манобеи огоҳ навишт: Укроин дар талош аст то заминаи мушорикати муттаҳидони аврупоии худ дар музокирот бо Вошингтон пиромуни тарҳи сулҳи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико,ро фароҳам кунад.

Ин расонаи ғарбӣ аз тадовоми райзаниҳои (машваратҳои) телефонӣ байни Киев ва Вошингтон хабар дод ва афзуд: Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Укроин, мумкин аст авохири ин ҳафта бо Трамп дар Кохи Сафед дидор кунад.

Кир Стармер, нахуствазири Инглис, низ эълом кардааст, ки аъзои эътилофи ҳомиёни Укроин дар як видеоконфронс ба таърихи 25 ноябр, тарҳҳои сулҳ барои поён додан ба ҷанги Укроинро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамзамон, манобеи "Гардиан" гузориш доданд, ки Укроин муваффақ шуда тарҳи сулҳи Амрикоро ислоҳ карда, бархе хостаҳои ғайри қобили қабулро ҳазф ва теъдоди бандоҳои онро аз 28 ба 19 банд коҳиш диҳад.

Рӯзномаи «Файнаншл Таймз» низ навишт, ки бархе афроди наздик ба Зеленский бо сафари эҳтимолии ӯ ба Амрико мухолиф ҳастанд ва нигарони ташдиди таниш дар равобити ӯ ва Трамп мебошанд.

Дар 23 ноябр, ҳайатҳои Амрико ва Укроин дар Женева дар бораи тарҳи сулҳи Амрико машварат карданд. Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Амрико, ин нишастро пурбор тавсиф кард.

Тибқи гузориши расонаҳои Укроин, ду тараф дар бораи аксари бандоҳои тарҳ тавофуқ кардаанд, аммо чанд банд ҳанӯз барои баҳс дар дидори ояндаи Зеленский бо Трамп боз аст. Таърихи ин дидор, ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha